Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин - Gazete Şanlıurfa

Gazete Şanlıurfa

SON DAKİKA

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин https://t.co/LUZmC866HI — Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj)...

20 Mayıs 2023
Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

 

 

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

.2023 , Чин

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург медиҳем.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.

 

 

 

 

Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, таҳкими робитаҳо дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангию гуманитариро ҷавобгӯи талаботи замон шумурданд.

facebooktwitter

Kaynak:http://www.president.tj/node/30676?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

HABER HAKKINDA GÖRÜŞ BELİRT
İLGİLİ HABERLER
POPÜLER HABERLER
SON DAKİKA HABERLERİ